Қирғизистон иштироки худро дар фаъолияти Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал (ФБНА) ва мақомоти ӯ қатъ мекунад, зеро ба андешаи муовини аввали нахуствазири ин кишвар, «ин фонд ҷанбаҳои гидроэнергетикии истифодаи об ва талаботи бархе аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба назари эътибор намегирад».
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, муовини аввали нахуствазири ин кишвар Динара Кемелова рӯзи 18 май дар ҷаласаи сеюми Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ дар Брюссел дар ин робита изҳор намудааст, ки ислоҳоти фаъолияти ФБНА, ки чандин маротиба аз ҷониби Қирғизистон пешниҳод шуда буданд амалӣ нашуда, дар ин робита Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар ФБНА ва мақомоти он боздорад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири Қирғизистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ҳамчунин ба пешбурди лоиҳаҳои энергетикӣ дар минтақа, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 ҷалб намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ оид ба масоили сиёсат ва амният ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ мекунад.
Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал соли 1992 дар шаҳри Нуқуси Ӯзбекистон бо мақсади таҳия ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо ва барномаҳои экологӣ ва илмӣ-амалӣ баҳри солимгардонии экологии вазъ дар мавзеъҳои ба фалокати баҳри Арал гирифторшуда ва ҳамчунин ҳаллу фасли мушкилоти умумии иқтисодиву иҷтимоии минтақа таъсис дода шуд.
Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон муассисони Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал мебошанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста