Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов имрӯз дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар шаҳри Ереван иштирок мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби ин сафар, ки рӯзи 2 июл сурат гирифта буд, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эдвард Налбандян доир гардид.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо оид ба тасмимгирӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсии дуҷониба, равобити байнипарламентӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо оид ба доираи васеи муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ ибрози назар карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Арманистон Эвард Налбандян доир мегардад, масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, тамоили рушди вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳона, ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви Созмон дар арсаи байнулмилалӣ дар шароити вазъи мавҷуда дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд.
Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД лоиҳаи Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи то соли 2025 ва ҷанбаҳои сиёсати хориҷии муқовимат ба терроризм ва ифротгароии байнулмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста