Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 7 июли соли соли 2016 кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон Озҷан Гултекинро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҳамчунин ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Вазорати корҳои ҷумҳурӣ доир ба вокуниши Тоҷикистон нисбати изҳороти президенти Туркия оид ба миёни гумонбаршудагон дар амали террористии фурудгоҳи Истанбул ҳузур доштани зодагони Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 июл зимни суханронӣ назди журналистон пас аз адои намоз ба муносибати Иди Рамазон дар яке аз масҷидҳои шаҳри Истанбул президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон изҳор дошта буд , ки аз рӯи далели даст доштан ба амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шуда, онҳо зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Баъди нашри ин маълумот аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буданд , ки маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста