Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Кобул ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, моро дучанд андӯҳгин намуд».
«Мо ин амали ғайриинсонӣ ва ваҳшиёнаи террористонро, ки хилофи суннату оинҳои поки дини мубини Ислом мебошад, шадидан маҳкум менамоем», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ба президенти ин кишвар, наздикону пайвандони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Афғонистон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.