Имрӯз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз маросими истиқболи бошукӯҳ дар назди Қасри миллат, ки ба таври идона ороста шуда буд, оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

1/12

Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд.

Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Покистон аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.