Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 9 октябр Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ин ки ба Президенти Тоҷикистон нисбат ба марги бармаҳали бародараш - Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон, бародари Президенти Тоҷикистон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.
Рӯзи 8 октябр дар мазори Мавлоно Тоҷиддини ноҳияи Данғара маросими ҷанозаи Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари 67-солаи Президенти Тоҷикистон доир гардид. Ӯ дар канори қабри волидонаш ба хок супурда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хонаводааш дар ин маросим иштирок доштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста