Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аввали моҳи ноябр бо сафари корӣ аз пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд боздид мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар доираи сафар ба шаҳри Тошканд Расулзода бо президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дидору гуфтушунид мекунад.
Ҳадафи аслии сафар иштироки Расулзода дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки баргузории он санаи 3 ноябр дар назар аст.
Дар ҷаласаи Шӯро маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳими ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви ИДМ табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин санаи баргузории ҷаласаи навбатии минбаъдаи Шӯро низ мувофиқа мешавад.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи мазкур беш аз даҳ лоиҳаи санадҳо, ки ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳамгиройии мутақобила нигаронида шудааст, низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста