Дар анҷумани навбатии 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ки охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шӯрои сиёсии ҲДТ дар ин робита иттилоъ дод, интихоби пешвои ҳизб бар асоси алтернативӣ доир гардида, ба ҷонибдории раиси амалкунандаи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов - 69 нафар ва ҳарифи ӯ, роҳбари ташкилоти ҳизб дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев - 9 нафар вакилони анҷуман раъй доданд.
Зимнан зикр гардид, ки Таваралӣ Зиёзода, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳикматулло Саидиён, Абдуҷаббор Юлдошев, Зуҳро Мирзоева ва Диловар Холов муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.
Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.
Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.
Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста