Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби ИДМ мубодилаи афкори озод сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ - ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад.
Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Тоҷикистонро шарҳ дод. Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста