Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи раводид ва ҳаллу фасли қитъаи баҳсноки сарҳад - сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, тибқи созиши ҳосилшуда ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» санади нав ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин нияти ояндаи наздик боз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар ва автобусҳо, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар сарҳади давлатии кишварҳоро низ тасдиқ намудаанд.
Дар мавриди масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.
«Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январ доир гардиданд, пурсамару пурмазмун ва умедбахш сурат гирифтанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаҳо маҷмӯи васеи масъалаҳо ва дурнамои рушди муносибатҳо байни кишварҳо баррасӣ шуданд.
«Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаҳо ба вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар дастур дода шуд, ки ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, савдо, иқтисод ва масъалаи сарҳад оғоз кунанд», - қайд кард манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои зикршуда зимни сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе аввали баҳори соли равон интизорӣ меравад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста