Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бори нахуст дар доираи нишасти расмӣ вомехӯранд. То ин дам роҳбарони 5 кишвари минтақа ғайрирасмӣ мулоқот мекарданд, дар шакли ду ва сеҷониба ё дар чаҳорчӯби ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС ва ғайра.
Бо ташаббуси роҳбарони кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон моҳи марти соли равон, рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Остона таҳти раёсати президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нахустин ҳамоиши сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Ба ақидаи манбаъ, нишасти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳо дар тақвияти муносибатҳои мутақобила миёни кишварҳои минтақа нақши калидӣ бозида, ба беҳтару ҳарчи зудтар амалисозии муштараки барнома ва лоиҳаҳои минтақавии ҷавобгӯ ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
«Аз замони ба соҳибистиқлолӣ расидан Тоҷикистон ҳамеша ба ҷонибдорӣ аз ҳамгиройӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа изҳори назар мекард ва ҳеҷ гоҳ баргузории ин гуна нишастҳоро рад намекунад», - қайд кард манбаъ.
Хотиррасон шуд, ки дар Паёми Сарвари давлати Тоҷикистон аз 22 декабри соли гузашта дар ин робита зикр гардида буд, ки «Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад».
Мувофиқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, соли 2018 суръати рушди иқтисод дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзуда, то ба 2,7 фоиз мерасад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста