Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як гузаргоҳи марзӣ - «Қӯштегирмон» дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба кор даромад. Он чанд рӯз пеш ба фаъолият оғоз намуда, лекин мақомоти расмӣ ба ВАО дар ин бора хабар надоданд.
Ҳамин тариқ, айни замон барои равуои шаҳрвандон ва қисман воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чор гузаргоҳи марзӣ бо мақоми байнулмилалӣ амал мекунанд: «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Патар» дар шаҳри Конибодом ва «Қӯштегирмон» дар ноҳияи Спитамен. Ду гузаргоҳи дар охир зикршуда чад рӯз қабл ифтитоҳ шуданд.
Ғайр аз ин, имрӯз барои ҳаракати қатора ду гузаргоҳи роҳи оҳан низ дар самти шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом фаъолият доранд.
Тасмим гирифта шудааст, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии назоратии 8 сол қабл басташудаи Панҷакент - Самарқанд низ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Раводид алҳол бекор нашудааст
Дар ҳамин ҳол, маълумоте чанде аз ВАО дар бораи иҷозати Ӯзбекистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба гузаштани марз бидуни раводид асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Тариқи чор гузаргоҳи амалкунанда шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, бидуни раводид танҳо дар муддати 5 рӯз ҳузур дошта метавонанд ва боз дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз 30 километр бештар ба дохили он рафта наметавонистанд.
«Аммо ахиран марзбонон ба гузаштани сарҳад бидуни раводид танҳо ба онҳое иҷозат медоданд, ки дар дасташон барқияи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи даъват ба тӯй ё маросими азоро доштанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз сарҳадбонони тоҷику ӯзбек аз сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ҳеҷ гуна барқия талаб намкунанд.
Хотиррасон шуд, ки зимни сафари қариблувуқӯъи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзои созишнома «Дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон» миёни кишварҳо дар назар аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишварҳо бидуни дарёфти раводид муддати як моҳ дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳузур дошта метавонанд.
Қайд шуд, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январи соли равон дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар бораи баргузории машваратҳо бобати барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни давлатҳо тавофуқ ҳосил карданд.
Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.
Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Во сколько таджикистанцам обойдется новогодний плов?
ЕАБР назвал ключевые риски для экономики Таджикистана в ближайшие три года
В Душанбе открыли новое здание ЭКО-клиники Soranus
Пропавшего 21 год назад таджикистанца нашли в Казахстане
Чтобы не видеть женщин. Эмир «Талибана» издал указ о расположении окон в домах
Температура в батареях отопления: как самостоятельно проверить достаточно ли они горячие?
В Чечне объявили террористами людей, занимающихся майнингом криптовалют
Представители сборной Таджикистана вошли в топ-4 рейтинга года от UWW
Китай одобрил строительство крупнейшей в мире ГЭС в Тибете
Срок легализации денег и имущества в Таджикистане продлевают еще на год
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста