Душанбеи расмӣ ташаббусҳои Тошкандро ҷиҳати ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ дар ин робита таъкид мешавад, ки «тарафҳо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ” (ш.Тошканд, 26-27 марти соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) истиқбол менамоянд».
Дар конфронси рӯзҳои 26-27 март дар Тошканд Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов намояндагӣ мекунад.
Ҷониби Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро оид ба таҳия ва пешбурди Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ “Таҳким ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ва “Маорифпарварӣ ва таҳаммулпазирии динӣ”, инчунин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои ҷавононро пуштибонӣ намуд.
Ба ақидаи сиёсатмадори тоҷик, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, натанҳо Душанбеи расмӣ, балки аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, ИМА низ ба иштирок дар кори конфронси Тошканд оид ба Афғонистон омодагӣ изҳор намуданд.
«Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 суръат мебахшад ва амниятро дар минтақаи бузург таъмин месозад», - гуфт Фаттоҳзода.
«Вохӯрӣ дар Тошканд идомаи мантиқии ҷаласаи дуюми «Раванди Кобул» аст, ки охири моҳи феврали соли равон доир гардид ва ҳамчунин ба таҳкими натиҷаҳои ҳосилшуда дар доираи талошҳои умумии байнулмилалӣ дар сатҳҳои гуногун мусоидат менамояд», - изҳор карда буд вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни суханронӣ дар музокирот оид ба Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти СММ.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста