Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23 март ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз Ню-Йорк боздид мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли Созмон Антониу Гутерриш низ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки 14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ПСБМО бо ташаббуси Дабири кулли СММ ва Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус-доктор Ҳан Сеунг-соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО тавсияҳои асосӣ ва ташаббусҳои наверо, ки аъзои ПСБМО таҳия кардаанд, дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ин тавсияҳо ба муносибати ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ нисбат ба таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама (ҲРУ 6), инчунин барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дигари рушди устуворе, ки бо захираҳои об алоқаманданд, мусоидат мекунанд.
Дар сомонаи Маркази иттилооти СММ қайд мешавад, ки соли 2030 бар асари норасоии оби ошомиданӣ 700 млн. нафар гуреза шуда метавонанд. Аллакай имрӯз қариб 40 фоизи аҳолии сайёра бо ин ё он сабаб аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беш аз 2 млрд. нафар оби ифлос истеъмол намуда, 4,5 млрд. нафар аз хизматгузории бояду шояд дар бахши санитария маҳруманд.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қатъномаи қабулшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз моҳи июли соли 2010, ҳар як шахс ба дастрасии аз 50 то 100 литр об дар як шабонарӯз (барои як кас) барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста