Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбарони мақомоти доимоамалкунандаи Созмони мазкурро рӯзи 23 апрел Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иштирок намуд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар тӯли 17 соли фаъолияти худ СҲШ роҳи ғайриодии рушдро паси сар намуда, ба як ташкилоти мукаммалу бонуфӯзи минтақавӣ табдил ёфт.
Айни замон дар доираи СҲШ ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, робитаҳои хориҷӣ ва бунёди ниҳодӣ устуворона пеш мераванд.
Ӯ гуфт, ки ҷониби Чин мусоидат ба рушди СҲШ-ро ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ менамояд. Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сиёсӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа талош варзад, сатҳи ҳамоҳангиро баланд бардошта, дар ҷанбаи ҳамкориҳо дар доираи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” механизми равобити минтақавии иқтисодиро таъсис диҳад ва алоқаҳои фарҳангиро вусъат бахшад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста