Ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Ҷон Поммершейм (John Mark Pommersheim)-ро пешниҳод мекунад. Ӯ дипломати касбӣ буда, айни замон дар сафоратхонаи ИМА дар Қазоқистон фаъолият дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи сафед дар ИМА хабар медиҳад.
Қабл аз фаъолият дар сафорати ИМА дар Қазоқистон Поммершейм ба сифати консули генералии ИМА дар Владивосток (Русия) ва шаш намояндагиҳои ИМА дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Чин ва Япония ифои вазифа намудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Бакнелл, Донишгоҳи Колумбия ва Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Поммершейм забонҳои русӣ, олмонӣ, японӣ ва чиниро медонад.
Гуфта мешавад, Трамп ҳамчунин дар Озарбойҷон низ сафири нав таъин карданист ва ба ин мансаб Ирли Литсенбергерро пешбарӣ намудааст, ки дипломати касбӣ буда, дар Департамент давлатии ИМА мансаби воломақомро ишғол мекунад. Таъиноти сафиронро бояд сенати ИМА тасдиқ намояд.
Айни замон Кевин Коверт ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон кор мекунад. Моҳи августи соли 2017 ӯ ба иҷрои уҳдадориҳои роҳбари намояндагии дипломатӣ дар ИМА шурӯъ намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста