Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, сафир Мэрилин Йосефсонро қабул намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот, ки пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома сурат гирифт, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро муҳокима карданд.
Гуфта мешавад, аз сатҳу сифати муносиботи зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
“Мусоҳибон доир ба роҳҳои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назари судманд доштанд”, - омадааст дар хабари Вазорат..
Ҳамчунин қайд мешавад, ки зимни сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Мэрилин Йосефсон то таъин шудан ба ин мансаб дар Намояндагии доимии Шветсия дар Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел фаъолият мекард. Солҳои гуногун ӯ дар мансабҳои сохтори давлатии Шветсия, созмони байнулмилалии “Табибони бидуни марз”, Вазорати корҳои хориҷии Шветсия, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо кор кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста