Роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский нимаи дуюми рӯзи 31 октябр аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ба ҳайрат омад.
Жириновскийро дар Қалъаи Ҳисор бо нону намак зери навои карнайу сурнай пешвоз гирифта, ӯ бо вазъи фарҳангу шаҳрсозии тоҷикон дар асрҳои миёна шинос шуд.
Дар шаҳри Турсунзода Жириновский бо фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик шинос шуда, дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷамъияти русҳои шаҳри Турсунзода вохӯрӣ гузаронид. Ба меҳмон китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Таджики” тақдим шуд.
Сипас Жириновский ба ангурзори деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ташриф оварда, барои эҳтироми меҳмони воломақом гӯсфанд қурбонӣ карданӣ шуданд, лекин Жириновский хоҳиш кард, ки шахсан гӯсфандро қурбонӣ карданист ва бо ин амалаш ҳозиронро ба ҳайрат гузошт.
Деҳқонон дар ин ҷо Жириновскийро бо хӯроки милии қурутоб зиёфат карда, таъми он ба меҳмон хеле хуш омад ва ӯ тибқи расму русуми маҳаллӣ ӯро бо дастонаш тановул кард.
Дар ҳамин ҷо Жириновский ба ҷамъоварии ангур машғул шуда, изҳор намуд, ки ин корро бори аввал мекунад.
Ӯ ҳунари деҳқонони тоҷикро тавсия намуда, дар ҳамин ҳол, изҳор дошт, ки: “Ин натиҷаи ба деҳқонон тааллуқ доштани замин аст, дар Русияи мо бошад, замин бесоҳиб аст”.
Дар меҳмонхонаи маҳаллии “Ширкент” ба муносибати ташрифи Жириновский зиёфат орста, зимни он меҳмон зери таронаҳои русӣ дар иҷрои овозхонони тоҷик ба рақс даромад. Ӯ қайд кард, ки дар Турсунзода забони русиро хеле хуб медонанд.
Жириновский ба ҳафт нафар духтарони толибилми маҳаллӣ, ки ба ифтихори ташрифи меҳмон рақси тоҷикиро ба иҷро расониданд, варақаи суроға бо рақамҳои телефон (визитная карточка)-и худро дода, ба онҳо ваъда дод, ки баъди хатми мактаб ҷиҳати таҳсилашон дар мактабҳои олии Маскав кумак мекунад.
Имрӯз, 1 ноябр дидору гуфтушунидҳои Жириновский бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вохӯриаш бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳамчунин роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия имрӯз аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, бозори “Меҳргон” ва маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и пойтахт боздид мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста