Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар дар иҷлоси 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Милан аз кишварҳои Созмон даъвакт кард, ки аз сиёсати духӯра худдорӣ варзанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҳамоиши мазкур роҳбарони ҳайатҳои расмии 57 кишвари ширкаткунанда ва 11 кишвари шарики САҲА роҷеъ ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла роҳҳои тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоту чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, роҳбари ҳайати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА ироа намуда, таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба зарурати андешидани чораҳои муштарак бо мақсади таҳкими амният дар паҳнои САҲА, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, ва дар ин замина ҳамкорӣ барои тавсеаи амният дар сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон ҷалб кард.
Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба қазияи коҳиши эътимод миёни кишварҳои Созмон, ҷиҳати худдорӣ аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз даъват ба амал овард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста