Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14 март ҷиҳати иштирок дар кори нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки имрӯз бо иштироки муовини сарвазирони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Ҳайати Тоҷикистонро, ки ба он вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, раисони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ва муовинони чанде аз вазорату идораҳои дигар шомиланд, муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода роҳбарӣ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.
Дар форум баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, ҳавасмандсозии савдои байниминтақавӣ, беҳбуди вазъи соҳаи сайёҳӣ, тақвияти имконоти ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити молу маҳсулот дар назар аст.
Дар кори форум беш аз 200 нафар роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, доираҳои тиҷоратӣ, коршиносону таҳлилгарони минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин сармоягузорони имконпазири берун аз ҳудуди минтақа ширкат меварзанд.
Дар чаҳорчӯби барномаи кори форум дар Маркази миллии намоишгоҳҳои “Узэкспоцентр» намоишгоҳи маҳсулоти кигшварҳои истеҳсолкунанда доир мегардад.
Пас аз анҷоми кори форум дар шаҳри Токшканд вохӯрии кории муовинони сарвазирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста