Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел бо сафари расмӣ аз Русия боздид мекунад.
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин як қатор созишномаҳои нави байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.
Интизорӣ меавад, ки ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сохтмони панҷ мактаби русзабон, ки бо маблағгузории Русия дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бунёд мегардад, ба имзо расонанд.
Зимни сафар ҳамчунин имзои созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, амният, фарҳанг ва ҳамкориҳо байни минтақаҳои давлатҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки масъалаи авфи шаҳрвандони худро, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории будубоши ин кишвар аз Русия ихроҷ шуда буданд, низ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.
Дар ҳар кадоме аз мактабҳо бо таҳсил фаро гирифтани 1200 нафар кӯдакон пешбинӣ мешавад. Мактабҳо бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста