Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар кард.
Тавре хадамоти матуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, прокурори генералии ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи кори ҷаласа дар пойтахти Туркманистон Муроҷиати сарони кишварҳои ИДМ ба мардумони Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин санадҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар муқовимат бо коррупсия, мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ, рушди табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин масоили мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасии роҳбарони давлатҳо қарор мегирад.
Ғайр аз ин, баррасии лоиҳаи санадҳо дар бораи ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳод пешбинӣ шудааст.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаи ба уҳдаи кадом давлат вогузор шудани раёсати Иттиҳод дар соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста