Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфренсияи дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки тобистони соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, баргузор кард.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар бораи тасмими Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конференсияи дуюм оид ба масоили об дар доираи “Раванди Душанбе оид ба даҳсола” рӯзи 12-юми ноябр раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба масоили тағйирёбии иқлим дар Порис изҳори назар карда буд.
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсисёбии он соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.
СҲШ созмони байнулмилалиест, ки соли 2001 бо ташаббуси сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ ба узвияти он пазируфта шуданд.
Давлатҳои Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон кишварҳои нозири созмон ва Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарик мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста