Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки охири ҳафтаи гузашта доир гардид, як зумра мансабдорони воломақом тибқи рӯйхати ҳизбӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.
Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизб котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода ва муовини ӯ Зулфия Давлатзода шомил гардиданд.
Дар сурати вакили парлумон интихоб шудани онҳо, ба мансабҳое, ки онҳо имрӯз ишғол кардаанд, шахсони дигар таъин мешаванд.
Дар меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ба шахсоне, ки вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шудаанд, машғул шудан ба фаъолият дар дигар соҳа (ба ҷуз фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ) манъ аст. Бо назардошти ин ҳолат, аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми марти соли оянда ҷойҳои кории холӣ дар ҳукумати кишвар пайдо шуда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста