Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки рӯзи 5-уми январ дар Душанбе доир гардид, тасмим гирифта шуд, ки таҳрими интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда рад карда мешавад.
“Аксари вакилони анҷуман ба иштироки ҳизб дар интихобот овоз дода, ба ин васила аз пешниҳоди муҳтавои барномаи ҳизб ба интихобкунандагон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, ба рӯйхати ҲСДТ, ки пешвои ҳизб дар садри он қарор дорад, 8 номзад ба вакилии парлумон дохил шуданд.
Қаблан зикр гардида буд, ҲСДТ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба интихоботи парлумонӣ таҳрим эълон кунад.
Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ рӯзи 10-уми декабр масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба таври ниҳоӣ ҳал нашуд.
Он замон аъзои раёсати Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифтанд, ки ин масъала ба баррасии вакилони анҷумани навбатии ҲСДТ рӯзи 5-уми январ пешниҳод шавад.
Дар муроҷиатномаи қаблан нашршудаи раиси ҲСДТ қайд шуда буд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маблағи гаравпулии интихоботро 5 ҳазору 800 сомонӣ (ҳудуди 600 доллар) муқаррар кардааст.
“Барои ҳар як номзад ба вакилии ҳизби сиёсӣ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ гузоштани гарави интихоботӣ ба маблағи 5800 сомонӣ, барои 10 нафар аз ҳизб 58000, барои 22 нафар – 127600 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст”, - зикр шуда буд дар муроҷиатнома.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
По принципу паритета. МИД Таджикистана подтвердил безвизовый въезд граждан Ирана
Как женщины в электронной коммерции создают будущее Таджикистана
Эмомали Рахмон призвал земледельцев использовать «лучшие семена и плодородные саженцы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста