Муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс дар вохӯрии рӯзи 7-уми январ бо рӯзноманигорони тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Риҷенси Душанбе” изҳор дошт, ки ИМА нияти ҷанг бо Эронро надорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи корҳое, ки ИМА тайи солҳои охир нисбат ба Теҳрон анҷом додааст, посухи муносиб ба амалкарди ҳукуматдорони Эрон аст.
Дар ҳамин ҳол, Элис Уэллс ҷонибдориашро аз амалиёти куштани генерал Қосим Сулаймонӣ бо фармони президенти ИМА баён кард. Вай афзуд, ки Сулаймонӣ фаъолона ҳамла ба амрикоиҳоро тарҳрезӣ мекард.
Элис Уэллс таъкид дошт, ки ҳамаи амалҳои ИМА нисбат ба Эрон хусусияти боздоранда доштанду минбаъд ҳам чунин хоҳанд буд. Ӯ зикр кард, ки ИМА дар остонаи ҷанг қарор надорад.
“Ҳадафи ИМА пешгирии густариши бесуботӣ дар минтақа мебошад, ки аз ҷониби Эрон роҳандозӣ мешавад. Шумо бубинед, Эрон дар Сурия, Лубнон, Афғонистон, ки бо кишвари шумо ҳамсарҳад аст, чӣ корҳое анҷом медиҳад. Бесуботие, ки Эрон эҷод мекунад, ба амнияту суботи Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. ИМА тадбирҳои боздоранда нисбат ба Эрон амалӣ месозад, то ки дар Теҳрон дарк кунанд: ҳамаи он амалҳое, ки онҳо ғайримустақим ё тариқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бевосита анҷом медиҳанд, барои минтақа оқибатҳои ногувор ба бор меорад”, - изҳор дошт Элис Уэллс.
Дипломати баландпояи амрикоӣ рӯзи 7-уми январ дар Душанбе бо вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, инчунин раиси КДАМ Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар гуфтушунидҳо асосан ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва аслиҳа таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Мигрантам в России решили сократить срок прохождения медосмотра и ужесточить наказание за поддельные справки
«У нас с Эмомали Рахмоном был жаркий 10-часовой разговор». Садыр Жапаров раскрыл подробности разрешения пограничного спора между странами
Свет в Таджикистане снова подорожает. Разбираем, за что же мы платим
Кто он — Камолиддин Муминзод, ставший новым главой Госкомитета по местному развитию?
Абонементы на платную парковку: как забыть о штрафах и сэкономить деньги?
Семье погибшего на границе с Афганистаном таджикского офицера предоставили квартиру в Бохтаре
Полмиллиона или миллион? Сколько таджикских мигрантов работает в России?
Жительницу Хуросона приговорили к 18 годам тюрьмы за убийство трехлетней дочери
Основной голкипер душанбинского «Истиклола» Никола Стошич перешел в «Хорезм»
США ввели требование об уплате визового залога для граждан Таджикистана и еще 37 стран
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста