Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шоми имрӯз бо нашри як баёния дар саҳифаи фейсбукии худ натиҷаҳои расмии интихоботи парлумониро “қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ” номида, изҳор дошт, ки ҲСДТ онро эътироф намекунад.
“Имрӯз, 2-юми марти соли 2020, соати 15.00, баъд аз машваратҳои бисёрсоата ва барои амалисозии қарори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КМИР ҶТ Б. Худоёрзода натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ тантанавӣ эълон накарда, балки қироат кард”, - омадааст дар баёнияи раиси ҲСДТ.
“Натиҷаҳои пешакии расмии интихоботи мазкур аз соати 2.30-и шаб то 6.00-и субҳи 2-юми марти соли 2020 дигар буданд, аз соати 6.30-и субҳ то 11.00-и ҳамин рӯз дигар шуданд ва ниҳоят, то соати 15.00-и ҳамин рӯз, яъне бевосита пеш аз қироати тантанавӣ, дигар шуданд. Ба ин тариқ, натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар давоми 12 соат се бор тағйир ёфтанд”, - навиштааст Раҳматилло Зойиров.
“Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор медорад, ки расман натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ эътироф намекунад”, - таъкид шудааст дар баёния.
“Натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, ки Б. Худоёрзода қироат кард, қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ мебошад”, - изҳор доштааст раиси ҲСДТ.
Раҳматилло Зойиров дар шарҳи зери баёния навиштааст: “ҲСДТ то соати 6-и субҳ – 29.5%, то 11.00-и рӯз – 7.4%, то 15.00 – 0.32%. Оё ҳамин интихоботи озод ва демократист?”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
В чём секрет китаянок, которые в 50 выглядят на 30?
Таджикистанец получил в Узбекистане 3,5 года тюрьмы за угон автомобиля в нетрезвом состоянии
Ван И: «Китай приветствует более активную роль Таджикистана в международных делах»
Актуальные новости для мигрантов Таджикистана: популярные направления и уловки мошенников
Таджикистан презентовал Японии возможности республики для базирования вычислительных дата-центров глобальных корпораций ИИ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста