Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) рӯзи 24 август дар Душанбе анҷумани ғайринавбатиашро баргузор намуда, дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲИИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Қудратов хабар дод, дар кори анҷуман наздики 60 нафар вакилон аз саросари кишвар ширкат варзида, дар он ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб баррасӣ мешавад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳои худ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад.
Дар интихоботи 1 марти соли 2020 ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ панҷ нафар намояндагони ҲИИТ ба курсиҳои вакилӣ даст ёфтанд.
Аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол 3 ҳизб санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр ва Ҳизби коммунист - 5 сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста