Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба тасмими ҷониби Қирғизистон дар мавриди комилан қатъ кардани равуои марзӣ, аз шаҳрвандони кишвар мехоҳад, ки аз ҳама намуди сафар ба ин кишвар ва ё убури тронзитӣ ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави ин кишвар, даст кашанд.
"Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд",-омадааст дар ҳушдори ин вазорат.
Бояд гуфт, ки бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 21-уми май ин кишвар то поёни ҳалли ҳама гуна баҳсҳои марзӣ рафуои марзиро бо Тоҷикистон комилан қатъ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин " қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21 майи соли 2021, бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд".
Вазорат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд.
Ҳарчанд баъд аз оғози пандемия марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар рӯйи якдигар баста шуда буд, аммо бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ мошинҳои боркашон иҷоза доштанд ва бархе шаҳрвандони Тоҷикистон зимни баргашт аз Русия ва ё рафтан ба кишварҳои дигар аз қаламрави ин кишвари ҳамсоя истифода мекарданд.
Вале тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 21 май равуои марзӣ барои Тоҷикистон тавассути қаламрави Қирғизистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудааст.
Рӯзи 26-уми май марзбонони ин кишвар наздики 200 мусофири ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-ро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд иҷоза надоданд, ки дар фурудгоҳи Бишкек вориди ин кишвар шаванд ва ширкатро маҷбур карданд, ки мусофиронашро бозпас ба Душанбе биоварад.
Хабаргузории қирғизии АКИпресс бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки убуру мурури воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои "Кулунду”, "Қайрағач”, "Қизил-Бел”, "Бордебо” ва "Қарамиқ", ки дар қисмати марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.
Ин маҳдудият ба намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи онҳо, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин ба шахсони мансабдори Қирғизистону Тоҷикистон, ки пешакӣ бо таъйиди мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунанд.
Ҳамзамон дар ин қарор гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд метавонанд ба ҳудуди кишвари якдигар баргарданд.
25-уми май раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марипов дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Чон Алайи вилояти Ӯш дар бораи комилан қатъ шудани равуои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон то ҳалли комилаи масъалаҳои сарҳадӣ, хабар дода буд.
Дар муноқишаи хунини рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
ФФТ рассказала, как в Душанбе отметят Всемирный день футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста