Дар мусоҳиба бо хабаргузории РБК Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимат зидди “Толибон” дар шимоли Афғонистон изҳор дошт, ки ҳоло бо ягон намояндаи расмии Русия гуфтушуниде надоштааст.
“Лекин умедворам, ки барои ин кор имконият пайдо мешавад, зеро Русия аз таъмини амният дар Афғонистон ва вазъи сиёсӣ дар ин ҷо нигарониҳо дорад”, - иброз доштааст вай.
Аҳмад Масъуд изҳори умедворӣ намудааст, ки онҳо аз лиҳози сиёсӣ мудохила ва ба пешгирӣ аз шиддат ёфтани хушунат кумак хоҳанд кард.
“Ин ба манфиати онҳост, зеро агар дар ин ҷо идеологияи ифротӣ ҷорӣ карда шавад, пас он дар тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия авҷ гирифта, дар умум ифротгароӣ дар ҳоли афзоиш хоҳад буд”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” чандин гурӯҳ дар саросари ҷаҳон онҳоро табрик кардаву ҳоло ба аъзоёни худ намуна гузоштанд ва ба онҳо мегӯянд, ки онҳо низ метавонанд ба ин кор муваффақ шаванд.
“Ба ин тариқ, ҳамаи ин омилҳо метавонанд ба авҷи шиддат ва бештар рӯйи кор омадани террористон нав боис гарданд, ки мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ биёянд ё дар ҷануби Русия вазъро ноором кунанд. Бовар дорам, ки дахолату кумак ҷиҳати дар ин ҷо ташкил кардани ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) ба манфиати онҳост”, - гуфтааст ӯ.
Ба ақидаи роҳбари ҷабҳаи муқовимат, Маскав метавонад дар баргузории як навъ музокироти мусолиматомез байни онҳо ва “Толибон” кумак карда, онҳоро бовар кунонад, ки ба гуфтушунид ҳозир шаванд. “Ин кор имконпазир буда, чизест, ки ба мо кумак хоҳад кард”, - таъкид доштааст Аҳмади Масъуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста