Дар Душанбе 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, доир мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ, дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.
Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.
Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Дар ҷараёни саммити ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.
Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.
Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.
Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.
Афғонистон дар рӯзнома
АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 17 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд.
Гуфта мешаввад, 16 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад.
Дар иҷлосия Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СПАД Станислав Зас иштирок мекунанд.
Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар давраи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати қарибулвуқӯъи СААД дар Ҷумҳурии Арманистон мешунаванд.
Дар поёни иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мумтоз, Шайнак, Казак и Ачик-дона из Таджикистана. А вам какой гранат нравится?
Харрис и Трамп: такими вы их никогда не видели
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Королю Испании. Там в наводнениях гибнут люди
COUNTER STRIKE и GTA, говорят, заставляют совершать преступления. На самом ли деле это так?
Университеты Китая, обучение в которых считается престижным
В Томске мигрант выбросил российский паспорт из-за необходимости встать на воинский учет
«Город – не «Тигровая балка». Кто и зачем вырубает деревья на проспекте Рудаки в Душанбе?
Казахстан ввел визу Neo Nomad для тех, кто работает «на удаленке»
Душанбинский «Истиклол» в 13-й раз стал чемпионом Таджикистана
«Brat». Словарь Collins English Dictionary выбрал слово 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста