Иштирокчиёни мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи сешанбе, 26 октябр роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти техникӣ ва молиявиро баҳри ноил гардидан ба дастовардҳо дар мубориза бо гармшавии иқлим баррасӣ намуданд.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии маҷозӣ (онлайн) дар ин музокиро изҳор намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/304417/3.jpg)
“Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд”, - иброз дошт ӯ.
- Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъйини санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям.
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем, борҳо даъват ба амал овардааст...
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/304417/4.jpg)
Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат зикр кард, ки саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон ният дорад, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/304417/1.jpg)
Гуфта мешавад, ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане объявлены лучшие спортсмены 2024 года
"Медиазона. Центральная Азия" объявила о приостановлении работы
На дороге Душанбе-Чанак перевернулся автомобиль со сжиженным газом
Рособрнадзор изменит проект об оценке знания русского у детей мигрантов
Экстренный саммит лидеров ЕС в Париже: обсудили увеличение расходов на оборону и гарантии безопасности Киева
Кохир Расулзода начал официальный визит в Иран
В Таджикистане наградили денежными премиями отличившихся спортсменов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 18 февраля 2025 года
«Азия-Плюс» передала более 300 книг в детскую колонию Таджикистана
Таджикистанцы в России направили более $1 миллиона на развитие Хатлонской области
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста