Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар ин дафтар, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, таъмир рафта истодааст. Пас аз таъмир, Ҷабҳаи муқовимат нишасти матбуотӣ баргузор карда, дар бораи барномаи фаъолияташ дар Тоҷикистон нақл мекунад.
Пештар аз ин сиёсатшиноси тоҷик Амири Замон аз кушодани ин дафтари корӣ хабар дода буд. Ҳамин маълумотро дар шабакаи телеграмми худ директори Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко низ тасдиқ намуда буд.
Ҳанӯз 23 октябр ӯ навишта буд: “Ҷабҳаи зиддитолибии муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон (Душанбе) намояндагии расмии худро боз кард”.
Дар ин бора дигар коршиносони масоили Афғонистон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ изҳори назар карда буданд.
Дар Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки онҳо чунин маълумот дар даст надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон намояндагии худро дар ИМА сабтином кард. Ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ муътақид сохтани сиёсатмадорони амрикоӣ ба дастгирии мухолифони афғон унвон шудааст.
Масъуд дар куҷост?
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки пешвои Ҷабҳа Аҳмад Масъуд ҷисман дар куҷост. Ӯ кайҳост, ки муроҷиатҳои видеоӣ нашр намекунад.
Дар нахустин муроҷиати худ пас аз тасарруфи Панҷшер аз ҷониби Толибон ӯ изҳор дошта буд, ки бо ҷангиёни Ҷабҳа дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қарор дорад. Лекин пас аз ин ӯ муддати тӯлонӣ дигар пайдо нашуд ва дар ин робита якчанд тахминҳо кардан имкон дошт.
Аз ҷумла овозаҳое пайдо шуданд, ки ӯ ҳамроҳи ноиби президенти пешина Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст. Лекин намояндагони Ҷабҳа ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ин овозаҳоро бепоя хонданд.
Бо вуҷуди ин, чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба якчанд манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки Аҳмад Масъуд моҳи гузашта, дақиқтараш пас аз чор рӯзи гуфтушуниди президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон, ки дар бораи ташкили гуфтушунидҳо миёни мухолифон ва толибон тавофуқ ҳосил карда буданд, ба Тоҷикистон омадааст.
Зикр шуда буд, ки Аҳмад Масъуд на бо президент, балки бо раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вохӯрдааст. Дар Душанбе ӯ якуним рӯз ҳузур дошта, сипас дубора ба Афғонистон баргаштааст.
Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Муҳаммад Регистонӣ дар мусоҳибаи ахири худ ба шабакаи телевизиони «Толо» изҳор дошта буд, ки дарвоқеъ ҳам ба Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ лозим меояд, ки ба хориҷи кишвар сафар кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста