Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябр аз 10 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафирони нави Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Чехия Лаҳистон, Эстония ва Бангладеш ба Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо онҳо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, боиси ташаннуҷи авзо дар минтақа гардидааст.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда, шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон омода аст имкониятҳои васеи логистикии худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.
“Қаламрави Афғонистон то ҳол манбаи паҳншавии таҳдиду чолишҳои муосир боқӣ мемонад ва кишвари мо, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, дар сафи пеши муқовимат ба онҳо қарор дорад», - гуфт Раҳмон.
Зимни суханронии худ ӯ ба чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда ёдовар шуд.
Дар маросими эътимодномасупорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз - тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ, андешаронӣ кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста