Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ки Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил кунад ва ба мушкили муҳоҷирон дар Русия поён диҳад.
Раиси ҲДТ мегӯяд, Шӯрои сиёсии ҳизби таҳти раҳбарияш бо дар назар гирифтани вазъи амниятии минтақа ба ин тасмим расидааст, ки беҳтар аст Тоҷикистон дар канори Русия бошад ва узви ин созмон шавад. Ҳарчанд посухи Тоҷикистон то кунун ба даъватҳо барои пайвастан ба ин созмон “меомӯзем” ва “шитоб надорем” будааст, аммо акнун Усмонзода мегӯяд, ки дар ин шароит беҳтарин гузина барои Тоҷикистон пайвастан ба ИИАО аст.
Усмонзода мегӯяд, ки таърихи ҳамзистии беш аз 150 солаи Тоҷикистон (тоҷикон) бо Русия дар ҳайати кишварҳои гуногун, қарор доштани дар як минтақаи геополитикӣ, умумиятҳои зиёди фарҳангиву забониву иқтисодиву сиёсие, ки дар замони Шӯравӣ ҳосил шуд ва дар ин рӯзҳо давом мекунад, ҳам баёнгари онанд, ки бо Русия будан дар ин созмон як зарурат аст.
Раиси ҲДТ мегӯяд, ки манофеи дигари Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СҲШ ва СПАД, ки Русия яке аз аъзои бонуфузи ин созмонҳост, воқеиятеро бармалло мекунад, ки Тоҷикистон бо Русия метавонад бештар ба ҳимояи манофеаш даст ёбад.
"Азия-Плюс" дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бархе аз саволу нигарониҳои пайвастан ба ин созмонро ба Усмонзода дар миён гузошт.
- Шумо фикр мекунед, ки дар ҳамин шабу рӯз узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудани Тоҷикистон зарур аст?
Усмонзода: Имрӯз, Русия дар доираи созмону иттиҳодҳое, ки дорад, дар Осиёи Марказӣ як навъ эҳсоси дудилагӣ дорад. Яъне бештари ин давлатҳо пешниҳодҳои Русияро то охир қабул надоранд.
Аз сӯйи дигар ҷойи тарсу воҳима нест, вале амнияти минтақа имрӯз, дар дасти пойгоҳи низомии 201 –уми Русия аст. Толибон, ки ҳоло Афғонистонро гирифтаанд танҳо аз Русия тарс доранд. Ин дар ҳолест, ки то ба ҳол дақиқ нест, дар пушти онҳо кӣ меистад, ки дилпурона тавонистанд омада як кишварро ғасб карданд.
Пеш аз ҳама ҷанбаи амниятӣ эъҷоб мекунад, ки мо узвиятро бипазирем ва Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон мустаҳкамтар ва амнияти минтақаро таъмин намояд.
- Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони иқтисодӣ аст, вале Шумо бештар рӯйи амният таъкид мекунед. Чаро?
Усмонзода: Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам бигирем, давлатҳои Осиёи Марказӣ қариб 50-60 фоизи гардиши муомилоти молу маҳсулоташон аз пули муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, бояд дар ин кишвар шароити меҳнатӣ дошта бошанд, ҳуқуқҳояш ҳифз шавад. Мутаассифона, он шароите ки имрӯз доранд ва он талаботе, ки Русия дар баробари онҳо гузоштааст, душвор аст ва муҳоҷирон онро иҷро карда наметавонад. Бо ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмон ба муҳоҷирон сабукиҳо мешавад ва дар натиҷа, воридот зиёд мешавад.
Дуруст аст, ки баъди вуруд воридоти гумрукии мо камтар мешавад, вале он аз ҳисоби даромадҳои муҳоҷирон ҷуброн мешавад. Дигар ин ки гардишу муомилоти мол зиёд мешавад. Имрӯз талаботи бозори Русия ба маҳсулоти мо ҳаст, вале мо ба сатҳи зарурӣ наметавонем, ки маҳсулоти кишоварзии худро дар бозорҳои ин кишвар фурӯшем. Маҳсулоти моро ба ҷуз Русия, кишварҳои Аврупову Амрико ва Туркия намегиранд. Чунки ба стандартҳои онҳо дуруст намегирад.
- То ин вақт Тоҷикистон мегуфт, барои шомил шудан ба ин созмон ҳанӯз омода нест ва таҷрибаи кишварҳои дигарро дар ин замина меомӯзад. Шумо фикр мекунед, омода шудем?
Усмонзода: Инҷо дигар гап сари омодагӣ намеравад, гап сари зарурат аст. Амнияти минтақа ва кишвар, манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва гардиши молу маҳсулот ва заруратҳои дигаре ҳам ҳаст, ки дар асоси онҳо мо бояд ба ин созмон ворид шавем. Омода будану набудан ё фоида дидану надидан, ин дар ҷойи дуввум аст.
Мисоли сода, ҳоло қувваи зиёди кории моро танҳо Русия қабул карда метавонад, дигар кишварҳо омода нестанд муҳоҷирони моро бипазиранд.
- Шумо ба ҷуз сиёсатмадор будан, иқтисодшинос низ ҳастед. Иқтисодшиносҳои мо дар аввали таъсиси созмон мегуфтанд, ки кишварҳое маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол ва содирот карда наметавонанд, пойбанди кишварҳои калони аъзои ин созмон мешаванд. То чӣ андоза ворид шудани мо ба иқтисодиёту рақобатпазири бозору содироти мол хатар дошта метавонад?
Усмонзода: Ворид шудан ба ин созмон маънои онро надорад, ки мо мустамликаи давлати дигар шавем. Мо дар он вақт ҳам метавонем, маблағҳои дигарро аз манбаъҳои ворид кунем ва иқтисодро рушд диҳем. Бори дигар мегӯям, ҳоло зарурат пеш омадааст, ки узви ин созмон шавем. Ҳатто равобити Тоҷикистон бо Қирғизистон бадтар шуда истодаанд.
Он мушкилоте, ки имрӯз дар Тоҷикистон пеш омадааст, танҳо ба воситаи Русия мешавад ҳал кард. Дигар дари боз нест.
- Баъзе шарикони сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла Чин, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои минтақаи Ҷанбуи Осиё ба ин созмон назари нек надоранд. Агар Тоҷикистон узви ин созмон шавад, дар масъалаи ҷалби сармоя аз ин кишварҳо мушкилӣ пеш намеояд?
Усмонзода: Мо бо ҳамаи онҳо муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дар асоси равобите, ки дорем, давом додан мегирем.
Мо дар асоси манфиатҳои Чин ё кишвари дигар бояд кор накунем. Даркор бошад меоянд. Баръакс, мо бояд аз Чин як қадам дур гурезем. Чин аз нигоҳи иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодӣ давлати абарқудрат аст. Нуфузи Чин дар Тоҷикистон барои кишвари мо хатар дорад.
Ҳамин тариқ, қарзҳое ки мо аз ин кишвар гирифтем, дар оянда хатар дорад. Онҳоро ҳарчӣ тезтар пардохт намудан лозим аст. Мо бо давлатҳои абарқудрате бояд ҳамкории зичи иқтисодӣ дошта бошем, ки пеш аз ҳама бо он ҳамсарҳад набошем.
- Фикр мекунед, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамин шабу рӯз узви созмон мешавад?
Усмонзода: Мо андешаи табақаи як ҷомеа, Шӯрои сиёсии ҳизбро пешниҳод кардем ва умедворем ҳукумат инро ба назар мегирад. Мо ҳам дар фазои иқтисодӣ ва сиёсӣ фаъолем ва фикри моро бояд ҳукумат дар як сатҳе гӯш диҳад. Иқтисоду сиёсиро ба ҷуз се-чор мушовири президент, дигарон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дарк ва таҳлил карда метавонанд. Танҳо масъулинро зарур аст, ки дар паҳлӯи таҳлилҳои яктарафаашон пешниҳодҳои моро ҳам монанд ва ба ҳукумат пешниҳод манзур кунанд. Ҳукумат он пешниҳодеро қабул кунад, ки ба манфиатҳои миллат ва давлат созгор аст.
Ин пешниҳод агар пазируфта шавад, ин созмон дарҳои зиёдеро ба рӯи мо мекушояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста