Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо даъват кард, ки дастурҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро риоя намоянд ва ботаҳаммул бошанду то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.
"Бинобар аз ҷониби мақомоти Укроин аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”, - гуфта мешавад дар сомонаи ин ниҳод.
Зикр мегардад, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Укроин шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Укроин аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.
Дар ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ва дар кадом шаҳрҳо қарор доштани онҳоро дақиқ мекунанд.
“Азия-Плюс” бо сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлат Назрӣ дар тамос шуд, то ки дар бораи тақдири минбаъдаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Киев ва дигар шаҳрҳои ин кишвар зиндагӣ мекунанд, маълумот дастрас кунад. Аммо ӯ ваъда дод, ки каме дертар дар бораи шаҳрвандони мо ва вазъи онҳо айни замон дар Укроин ҳамаи маълумотро пешниҳод мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин субҳи рӯзи панҷшанбе дар муроҷиат ба шаҳрвандони кишвараш эълон кард, ки дар бораи баргузории амалиёти махсуси низомӣ дар Донбасс тасмим гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Вазорати мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ба шаҳрҳои Укроин зарба намезанад ва ба аҳолӣ чизе таҳдид намекунад.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар саросари кишвар ҳолати ҳарбӣ эълон кард. ВКД Украина аз шаҳрвандон даъват намуд, ки манзилашонро тарк накунанд. Дар ҳарими ҳавоии Укрроин парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар маҳдуд карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста