Имрӯз, 5-уми апрел, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Илҳом Алиевро дар Қасри миллат ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ истиқбол гирифт.

Ҳамчунин, раисиҷумҳури Озарбойҷон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон гул гузошт.


Дар назар аст, ки зимни ин сафар роҳбарони ду давлат мулоқоти дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифро баррасӣ хоҳанд намоянд.

Ҳамчунин, вохӯриҳо бо иштироки ҳайатҳо низ пешбинӣ шудааст.

Дар асоси нақша, имзои як катор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.