Имрӯз, 17 май, дар шаҳри Пекин, дар доираи сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Хан Чжэн, ноиби раисиҷумҳури давлати Чин, Ван Хунин, раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин ва Ли Тсян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад дар рафти вохӯриҳо масоили ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо Хан Чжэн, ноиби раисиҷумҳури давлати Чин масоили татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохториро баррасӣ карда, оид ба амалисозии масъалаи татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, тавсеаи долонҳои транзитӣ, модернизатсияи гузаргоҳи Қулма-Қарасу, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байни кишварҳо табодули андеша карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар бахши илм ва техника баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Ван Хунин, раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин мулоқот карда, масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Тсян, сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ мулоқот кард.
Дар ин мулоқот таъкид гардидааст, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо дар соли гузашта қариб 40 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.
Дар ин зимн, зарурати ҳалли масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин таъкид гардидааст.
Дар мулоқотҳо ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом додаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста