Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 май дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки дар шаҳри Маскав доир гардид, ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор дошт, ки кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳод шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва Тоҷикистон дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
“Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии кишвари мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд”, - гуфт президенти Тоҷикистон.
Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи “сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар карданд.
“Тоҷикистон минбаъд низ ба содироти молу маҳсулоти худ ба кишварҳои ИИАО, бахусус металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, пахта, инчунин сабзавоту меваҷот омода аст”, - иброз дошт ӯ.
Дар робита ба мушкилот сарвари давлати Тоҷикистон монеаҳои мавҷуда дар соҳаи нақлиёт, пеш аз ҳама, маҳдудияти гузаргоҳҳои сарҳадии байни кишварҳо, шароити номутаносиби боркашонӣ тариқи роҳи оҳанро зикр кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бахши кишоварзиро ҷузъи муҳими ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳод номид.
«Афзоиши солонаи маҳсулоти бахши кишоварзии Тоҷикистон камаш 7-8 фоизро ташкил медиҳад. Ин заминаи заруриро барои зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзии органикӣ ба кишварҳои узви Иттиҳод фароҳам меорад.
Дар баробари ин, мушкилоти мавҷуда дар барасмиятдарорӣ, ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук, гувоҳномаи дугона монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи таъмини бефосилаи ин маҳсулот ба бозори кишварҳои Иттиҳод мебошанд.
Дар ин робита, зарур мешуморем, ки механизмҳои соддагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозорҳои ИИАО, аз ҷумла тавассути таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвари мо муштаракан таҳия ва амалӣ карда шаванд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ҳамчунин рушди муштараки иқтидори гидроэнергетикии кишвар, ҳамкорӣ дар заминаи рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва шарикиро судманд хонд.
«Барқарор намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба ташаккули нуқтаҳои нави рушд ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти мо мусоидат мекунад», - хулоса кард ӯ.
«Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба ташаккули нуқтаҳои нави рушд ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти мо мусоидат мекунад», - илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба ғайр аз сарвари давлати Тоҷикистон, сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Озарбойҷон - Илҳом Алиев низ тариқи онлайн дар ҷаласа ширкат варзиданд.
Дар худи ҷаласа сарони кишварҳои Русия Владимир Путин, Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон - Садир Жапаров, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раиси Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии Авруосиё Михаил Мясников ҳузур доштанд.
Президенти Русия Владимир Путин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд ҳамкориҳоро бо кишварҳои Итиҳод густариш диҳанд.
«Муносибатҳои мо бо Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор доранд, аз ин рӯ, пайваст шудан ба чунин формати бисёрҷониба, албатта, танҳо манфиат хоҳад овард. Дар ниҳоят Тоҷикистон тасмим хоҳад гирифт, ки дар кори созмони мо то чӣ андоза амиқ иштирок кунад. Айнан ҳамин чиз ба Озарбойҷон ва Ӯзбекистон низ пурра дахл дорад», - изҳор дошт ӯ.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста