Зимни суханронӣ дар маросими рӯнамоии Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия аз кумаки фаврии Тоҷикистон дар тафтиши ҳолатҳои амали террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" миннатдор аст. Дар ин бора нашрияи “Известия” хабар медиҳад.
"Ҳамлаи даҳшатноки ахири террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав, тибқи нақшаи дастандаркорони он, бояд дар ҷомеаи Русия ихтилофу ҷудоӣ ва эҳсоси нобоварии байни халқҳоро ба бор меовард. Аммо мусибат одамони миллатҳои гуногунро ба ҳам овард.
Ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ дар ин лаҳзаи душвор миннатпазирем. Ба кумаки фаврӣ дар тафтиши ҳолатҳои фоҷиа арзи сипос мекунем”, - зикр мешавад дар сомонаи ВКХ Русия.
Лавров изҳори итминон кард, ки ягона посух ба ин ҳодиса бояд рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар "муборизаи оштинопазир бо терроризм ва сарпарастони хориҷии он" бошад.
"Имрӯз вақте ки" Ғарби дастаҷамъӣ" кӯшиш мекунад, ки робитаҳои бисёрсолаи моро халалдор кунад, таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои мо муҳим аст. Бовар дорам, ки Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон низ дар ин кори наҷиб саҳми муфид хоҳад гузошт", - зикр кард Сергей Лавров.
Ва ин корҳо бояд ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар якҷоягӣ бо иттифоқчиён дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ гузаронида шавад.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пас аз амали террористӣ бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи "Крокус Сити Ҳолл" қатъиян маҳкум кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Ҷонибҳо ҳамчунин, нияти худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.
Сарони кишварҳо аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳоро бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо таъкид карданд.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки тафтиши амали террористӣ дар Крокус Сити Ҳолл” бояд ҳамаи пайвандҳои ҳалқа ва фармоишгарони ниҳоии фоҷеаро муқаррар кунад. Путин таъкид дошт, ки Маскав дар ниҳояти кор то фармоишгарони ниҳоии амали террористӣ хоҳад расид.
Рӯзи 3 апрел котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев изҳор намуд, ки осори ҳамла дар толори консертӣ аз даст доштани хадамоти махсуси Украина дар он гувоҳӣ медиҳад.
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста