Мақомоти Русия бори дигар аз эҳтимоли қавии ихроҷи номи Толибон* аз феҳристи созмонҳои дар ин кишвар мамнуъ хабар доданд. Ин маротиба ду ниҳоди давлатии Русия - Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ бардошта шавад.
Дар ин бора хабаргузории "ТАСС" рӯзи 27-уми май аз қавли Замир Кабулов, намояндаи президенти Русия дар масоили Афғонистон хабар дод.
Кабулов гуфтааст, ҳангоми ироаи ин пешниҳод бо дигар мақомоти Русия низ мувофиқа шудааст. Ӯ гуфтааст, эътирофи ҳукумати Толибон бидуни ихроҷи номи онҳо аз ин феҳрист ғайриимкон аст.
Ба қавли ин дипломати рус, эътирофи ҳукумати Толибон нисбат ба рӯзҳои аввали ба қудрати Афғонистон расидани ин гурӯҳ наздиктар шудаааст, аммо бо ин ҳам “баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд”. Мушаххасан кадом масоил бояд ҳал шаванд, зикр нагардидааст.
Замир Кабулов қаблан таъкид карда буд, ки “Толибон айни ҳол душмани Русия нестанд”.
Пештар аз ин, Ойбек Смадиёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории “Казинформ” гуфта буд, ки тасмими лағви Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ гирифта шудааст.
Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад? Лағви номи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ чӣ паёмад дорад ва то кадом андоза ба амнияти минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт? Ба ин саволи “Asia-Plus” чанде пеш коршиносон дар посух дода буданд.
Аксари коршиносон ин иқдоми Русияро навъе аз “манфиатҷӯӣ ва бозии сиёсӣ” унвон карда, таъкид карда буданд, ки ин кори содае нест. Баъҳзе аз коршиносон ин тасмимро иштибоҳ ҳам номида буданд. Дар матлаби “Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад?” андешаи муфассали коршиносонро метавонед мутолиа кунед.
Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксари кулли ҷаҳон созмони мамнӯъ эътироф шудааст. Ин гуруҳ тобистони соли 2021, пас аз даҳсорлаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон, қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак наздики се сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад. Ҳукумати ин гурӯҳро ҳеҷ давлате ва созмоне ба расмият нашинохтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Как выбрать SPF-крем: 7 трендов и советы таджикского дерматолога для идеальной защиты кожи
Как понять, правильные ли подгузники ты выбираешь для своего ребенка?
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста