Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) рӯзи 3 июн дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) мулоқоти хосаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси АП СААД, раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Вячеслав Володин баргузор гардид.
Тавре ки дар сомонаи Думаи давлатии Русия хабар дода мешавад, зимни мулоқот масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин амалисозии қарорҳои қабулнамудаи сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Володин зикр кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи эҳтироми тарафайн ва ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳоли рушд қарор дошта, ҷараёни инкишофи он бо ташаббуси сарони кишварҳо таъмин ва амалӣ мешавад.
Раиси Думаи давлатии Русия таъкид дошт, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ додан ҷиҳати амалисозии онҳо муҳим аст.
Рӯзи 3 июн дар Алмато таҳти раёсати Вячеслав Володин ҷаласаи Шӯрои АП СААД доир гардида, дар он масоили ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва тадбирҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, зимни суханронӣ дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ аз СААД даъват кард, ки ба тадбирҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм тақвият бахшида шавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки фаъолияти муштараки кишварҳои аъзо дар доираи АП СААД ба самарабахшии ҳамкории байнидавлатӣ дар таъмини ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои мо мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ санадҳои меъёрии бештар муҳим ва заруриро қабул ва истифода мебарад.
“Дар замони шиддат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ афзалияти тавсеа ва баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ дар доираи Созмон меафзояд”, - таъкид дошт раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон.
Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон ҷалб карда, таъкид намуд, ки вазъияти мураккаби ин кишвар метавонад барои минтақаи Созмон оқибатҳои манфии дарозмуддат дошта бошад.
Рустами Эмомалӣ муҳиммияти амалӣ намудани тадбирҳои муштаракро бобати таъмини амнияти фазои иттилоотии Созмон ва пешгирии истифодаи ғаразноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои харобиовари худ, зарур шуморид.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои АП СААД қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста