"Мо бовар дорем, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ, осоишта ва тавассути музокирот ба мисли Ӯзбекистон ҳал мешавад", - гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни мулоқоти рӯзи 2 июл дар шаҳри Чолпон-Ота. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.
“Бигзор Қирғизистон рамзи сулҳ шавад. Шумо баҳри сулҳофарӣ хоҳ масъалаи марзӣ ё дигар масъалаҳо бошад, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳед. Ман ду маротиба дар водии Фарғона будам ва медонам, ки масъалаи ҳалли марзҳо чӣ қадар душвор аст. Ин ҷо мисли як муаммост. Талошҳо лозиманд, то ки ҳама чизро бифаҳмему ҳал кунем”, - зикр кард Гутерриш.
Дабири кулли Созмон ҳамкориҳои байни Қирғизистон ва СММ-ро “хуб” арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳое, ки СММ ҳам ба он машғул аст, фаъолона кор мекунад.
Дар девони вазирони Қирғизистон хабар додаанд, ки дабири кулли СММ шоми дирӯз, 1 июл ба Қирғизистон ташриф овардааст.
Дар ҷараёни сафари Антониу Гутерриш дидору гуфтушуниди ӯ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев низ дар назар буда, ҳамчунин ӯ бо ҷараёни татбиқи яке аз лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ шинос мешавад.
Пеш аз ин Антониу Гутерриш аз Ӯзбекистон боздид намуд. Дар бораи сафари дабири кулли СММ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи 28 июн СММ хабар дод.
Сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 июл ба нақша гирифта шудааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста