Абдуҳалим Ғаффоров, нафаре, ки 20 соли охир раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) буд, аз вазифа рафт. Ба ҷойи ӯ Ғулом Ҳалимзода, як чеҳраи дар саҳнаи сиёсӣ ноошно, ки то ин лаҳза муовини раиси ин ҳизб дар вилояти Суғд буд, раиси ҲСТ интихоб шуд.
Анҷумани ғайринавбатии ҲСТ имрӯз, 23-юми июл, дар бинои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид ва зимни он фаъолияти ҳизб баррасӣ шуд.
Абдуҳалим Ғаффоров, нафаре, ки ҲСТ-ро аз соли 2004 роҳбарӣ карда, дар се интихоботи президентии ахир дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ вориди рақобат шуда, ҳамеша мағлуб гардидааст, аз вазифа бо хоҳиши худ канор рафт. Аммо ӯ сабаби маҳз дар ин шабурӯз аз вазифа канор рафтанашро шарҳ надод.
Ғаффоров вақти канор рафтан аз роҳбарии ҳизб гуфт, “дар натиҷаи мушоҳидаҳои бисёр ба хулосае омадем, ки Ҳалимзода Ғулом раиси ҲСТ интихоб карда шавад”.

Ғулом Ҳалимзода то ин лаҳза муовини раиси ин ҳизб дар вилояти Суғд буд ва дар доираҳои сиёсӣ шахси ноошно аст.
Ӯ пас аз интихоб шудан, ба ҳимҳизбиёнаш ташаккур гуфт ва аз Абдуҳалим Ғаффоров хоҳиш кард, чун мушовири ҳизб фаъолиятро давом диҳад.
“Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳизбро пеш барам, муттаҳид шавем ва ба қуллаҳои баланд расем”, - гуфт Ғулом Ҳалимзода.
Бояд гуфт, ки ҲСТ соли 1996 таъсис ёфтааст. Соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.

Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҲСТ барканор карданд. Вазорати адлия ҳам ҲСТ-ро бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров ба расмият шинохт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин тағйири роҳбар дар сафи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон нест. Се рӯз пеш, 20-уми июл роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам иваз шуд ва Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави ин ҳизб интихоб гардид. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.
Пештар аз ин, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ иваз шуда буд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Шаҳбози Аброр, ҳамакнун раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки то ин дав узви раёсати ҲДТ буд, анҷумани ғайринавбатии ҳизбро даъват карда, зимни он Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раиси ҳизб барканор кард.
Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбари ҳамакнун пешини ҳизб ва вакили парлумон тасмими ҳамҳизбонаш ҷиҳати ивази роҳбари ҳизбро напазируфт ва ба Вазорати адлияи кишвар шикоят бурд. Шаҳбози Аброр ҳам ба ин вазорат муроҷиат кард. Ин ниҳод қарорҳои қабулкардаи анҷумани ғайринавбатии ҳизбро дуруст шуморид ва Шаҳбози Аброрро раиси ҲДТ эътироф намуд. Саидҷаъфар Усмонзода бошад, баъди чанде боздошт гардид.




В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Здание знаменитой чайханы «Харбуза» снова выставлено на продажу
В Таджикистане операторов обязали платить утильсбор за базовые станции
Зеленский допустил решение территориального вопроса Украины на выборах или референдуме
Переговоры лидеров Таджикистана и Туркменистана состоялись на полях Форума мира и доверия
Кубок Азии U-17: определены все 16 участников - Таджикистан среди лучших
Закон о языке в Таджикистане изменили. Язык рекламы и вывесок в первую очередь должен быть на таджикском
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 декабря 2025 года
«Горы нужны людям, чтобы стать человеком». Таджикистанцы признаются в любви к горам
В Крыму нашли и опознали останки морского пехотинца из Таджикистана, пропавшего в 1941 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста