Ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав аз номи миллати тоҷик сурат нагирифтааст, вале дар расонаҳои Русия чеҳраи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик манфӣ қаламдод мешавад, иброз дошт Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон.
Ӯ, ки имрӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон (МТС) дар ин робита таҳлилҳо гузаронидааст ва хулоса мекунад, ки амали террористии мазкур тарҳрезишуда аст ва паёмадҳои он ба сиёсати давлатии Русия иртибот надорад.
Директори МТС муносибати сарди кормандони мақомоти қудратии Русия бо муҳоҷирони кории тоҷикро, ки баъди ҳамла ба “Крокус” то ҳол идома дорад, ба “танзими ҳуқуқии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ” рабт дод ва гуфт, ки ниҳодҳои марбута барои рафъи мушкилоти ҷойдошта бо ҳамтоёни русашон ҳамкорӣ карда истодаанд.
“Ин равандро ба сиёсати расмию давлатии Русия алоқаманд кардан, ман фикр мекунам, ки саҳеҳ нест ва ҳар як кишвар вобаста ба шароите, ки имрӯз дар ҷаҳон мегузарад, барои таъмини амнияти миллияш саъю талош меварзад”, - илова кард Хайриддин Усмонзода.
Ӯ таъкид кард, ки “бо ҳамкории созандаи ду ҷониб, ки шарики стратегӣ ҳастанд, ин масъала ҳалли худро ба зудӣ хоҳад ёфт”.
Амали террористӣ аз номи миллати тоҷик сурат нагирифтааст
Хайриддин Усмонзода, директори МТС инчунин гуфт, ки ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” аз номи миллати тоҷик сурат нагирифтааст ва ин амали террористӣ на ба ҳувияти миллӣ, балки ба ҳувияти фаромиллии шаҳрвандон рабт мегирад.
“Ин амали террористӣ ба ҳувияти гумонбарон набояд рабт дошта бошад. Дар ҳама гуна ҳаракатҳое, ки фаромиллӣ ҳастанд, дар таҳлилҳо пеш аз ҳама ба ҳувияти фаромиллӣ такя мекунанд. Онҳо мағзшӯӣ шуданд, яъне аз ҳувияти миллиашон ва аз арзишҳои миллиашон онҳоро дур карданд ва дар зеҳнашон ҳувияти фаромиллӣ сохтанд. Бинобар ҳамин мақомоти дахлдор ин равандро мадди назар хоҳанд дошт”, - гуфт Усмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита мақомоти баландпояи ду кишвар гуфтушунид кардаанд ва ҷониби Русия ҳам ба ин дидгоҳ нест, ки амали террористиро тоҷикон анҷом дода бошанд.
Аз ин пеш, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотии дирӯза, 30-юми июл, гуфт, ки муттаҳамони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав “аз дин огоҳии хуб надоштанд, намоз намехонданд ва ин ҳамларо аз номи Ислом анҷом надоданд”.
Ӯ гуфт, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми анҷоми ин ҳамла боздошт шуданд, “фирефтаи гурӯҳҳои ферибанда шуданд, ки гӯё як миқдор маблағе ба даст меоваранд”.
“Онҳо мумкин дарак ҳам надоштанд, ки ин “ташаббусашон” бо чӣ хотима меёбад. Аслан ҷавонҳои моро (гурӯҳҳои ферибанда, - АП) ғофилгир карданд”, - таъкид намуд Абдулқодирзода.
Паҳни тасаввуроти нодуруст дар бораи муҳоҷирони тоҷик
Директори МТС аз манфӣ муаррифӣ кардани симои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар расонаҳои Русия ибрози нигаронӣ кард.
“Ин раванд (тоҷикситезӣ дар расонаҳои русӣ дар назар аст, - АП) хуб нест ва тасаввуроти нодуруст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ паҳн мешавад”, - гуфт Хайриддин Усмонзода.
Расонаҳои Русия, махсусан расонаҳои наздик ба Кремл зимни бозтоби ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ва боздошти гумонбарони ҳамла меъёрҳои ахлоқии байналмилалии рӯзноманигориро пушти по заданд.
Ба ҳадде, ки бархеи онҳо асли бароат (эҳтимолияти бегуноҳӣ)-ро ба назар нагирифта, бидуни ҳукми додгоҳ онҳоро “террорист” унвон карданд. Бархе расонаҳои русӣ маъракаи бегонаситезиро низ таҳрик медиҳанд, ки хилофи меъёрҳои рӯзноманигорӣ аст.
Баъзе расонаҳои Тоҷикистон ҳам дар бозтоби ин ҳамла меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигориро риоя накарда, асли бароатро канор гузоштанд. Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони мустақил ҳам аз ин бархӯрд шадидан интиқод карда ва ибрози нигаронӣ намуда буданд.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста