Дар чанд ҳафтаи охир се мақомдори баландпояи Тоҷикистон дар ҳузури мансабдорони Русия ва бо ирсоли нома ба мақомдорони рус аз вазъи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар нигаронӣ карда, аз онҳо талаб карданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон муроъот шавад. Ин аз камтарин вокуниши мансабдорони кишвар дар баробари фишору таъқибҳои қариб як соли охир болои муҳоҷирони кории тоҷик аст.
Номаву нигарониҳои мансабдорони тоҷик то куҷо ба дард мехӯранд ва метавонанд мансабдорони русро ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон водор кунанд?
Нигаронии сарвазир ва вазири хориҷа
Баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”, ки дар робита ба он беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуданд, фишор болои тоҷикон, махсусан муҳоҷирону донишҷӯён якбора авҷ гирифт. Мақомоти Русия теъдоде аз онҳоро ба қаламрави худ роҳ надоданд, дар фурудгоҳҳо соатҳо ва рӯзҳо нигоҳ доштанд ва дар баъзе ҳолатҳо бидуни шарҳ ихроҷ карданд. Эътирози чандкаратаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мақомоти Русия ҳеҷ асаре накард ва ин вазъ то ҳол идома дорад.
Дар баробари ин, қонунгузории Русия дар бахши муҳоҷират пайваста тағйир ёфт ва шароити муҳоҷирон бадтар шуд.
Бо гузашти қариб 7 моҳ аз шиддати фишори Русия болои муҳоҷирони кории тоҷик бори аввал Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз вазъи тоҷикон нигаронӣ кард. Ӯ дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия низ дар он ширкат дошт, аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигаронӣ кард.
Сарвазири кишвар гуфт, тоҷиконро бо баҳонаи “таъмини амният” ба Русия роҳ намедиҳанд ва ё ихроҷ мекунанд. Дар марз “соатҳо ва ҳатто рӯзҳо” на танҳо муҳоҷирони корӣ, ҳамчунин, аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ нигоҳ дошта мешаванд.
Марат Хуснуллин гуфт, пас аз тағйири қонунгузории муҳоҷирати Русия дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ин кишвар нахоҳад буд.
“Мо ин равандро ба тартиб меорем, захираҳои кориро назорат мекунем, ба мо қувваи корӣ лозим аст, лекин ин кор комилан қонунӣ сурат хоҳад гирифт”, - гуфт ӯ.
Се рӯз баъд аз нигаронии сарвазир, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласае дар Маскав бидуни зикри номи кишваре аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” нагаронӣ кард.
Ӯ аз донишҷӯёни тоҷик мисол овард, ки тибқи квотаи байнидавлатӣ таҳсил мекунанд, вале наметавонанд ба Русия ворид шаванд.
“Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Парҳез аз мулоқот ва номаи тунд
Дар авҷи ин нигарониҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ ба Русия рафт. Ӯ дар ин ҷаласа суханронӣ кард, вале бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқоти хоса надошт. Инро баъзе коршиносон паёме ба муносибати дағали мақомоти рус бо тоҷикон маънидод карданд.
Рӯзи 11-уми октябр Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон бо исроли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолгардии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла муомилаи дағал, латукӯб ва таҳқири мақомоти рус бо изҳори ташвиш карда, хост, ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар кишвараш таваҷҷуҳ кунад.
Дар Русия дуҳокимиятӣ аст?
Номаву нигарониҳои мансабдорони тоҷик то куҷо ба дард мехӯранд? Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки вазъ тағийр намеёбад, вале қисме мегӯянд, тағийроти назаррас хоҳад шуд.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик гуфт, баъди нигаронии мансабдорони тоҷик вазъи муҳоҷирон ба таври назаррас тағйир намехӯрад, чунки дар Русия кайҳо боз дуҳокимиятӣ гардон аст.
“Яке бо сардории Путин, ки мавқеи давлатро ва дигаре бо сардории Бастрикин (роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия. -идора), ки мавқеи гурӯҳҳои миллатгароро ифода мекунад. Аз ин сабаб, на ҳар қароре, ки Путин қабул мекунад, амалӣ мешавад”, - гуфт Сафаров.
Ин сиёсатшиноси тоҷик бо назардошти воқеиятҳо мегӯяд, қонунҳои Русия зидди муҳоҷирон шудааст ва “имтиёзҳое, ки қаблан президенти Тоҷикистон барои тоҷикон дарёфт карда буд, дар доираи талаботи қонунҳои нави ин кишвар дигар мешаванд”.
Ин коршиноси тоҷик зоҳиран ба имтиёзҳое мисли иҷозаи душаҳрвандӣ барои сокинони Тоҷикистону Русия, таъини нафақа ба муҳоҷирони кории тоҷик, “авф”-и баъзе муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои қонунвайронкунӣ дар руйхати сиёҳ буданд ё ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоштанд ва амсоли ин ишора мекунад, ки ҳамеша бо назардошти манфиати ду кишвар, аз ҷумла бар ивази будубоши тӯлониву тахлнопазиру ройгони низомиёни рус дар Тоҷикистон ва истифода аз пойгоҳи назоратии “Окно” дода шудаанд.
Пайомади шиддати сиёсати муҳоҷират ба муҳоҷирони тоҷик
Шӯҳрат Латифов, таҳлилгари масоили муҳоҷират гуфт, баъди сафари охири Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва нигаронии мансабдорони тоҷик шароити муҳоҷирони тоҷик беҳтар мешавад, аммо шиддати сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
“Аввалан, ин ба зиёд шудани депортатсия оварда мерасонад. Ин миёни муҳоҷирон ноустуворӣ эҷод мекунад, ки бисёре аз онҳо метавонанд кор ва манбаи даромади худро аз даст диҳанд. Дуюм, раванди гирифтани иҷозаи кор ва иқомати муваққатро душвор мекунад. Ин метавонад ба афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ боис шавад, ки дар навбати худ хатари истисмор ва поймолшавии ҳуқуқи онҳоро зиёд мекунад”, - зикр кард Шуҳрат Латипов.
Вай гуфт, ҳамчунин, чораҳои назоратии шадидтар метавонанд ба афзоиши табъиз ва пешдоварӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик оварда расонанд, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо пурра ба назар гирифта нашаванд, ки ин шароити зиндагӣ ва кори онҳоро бадтар мекунад.
Ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, дар ин ҳол муҳоҷирон бо бюрократияи бештар ва душвориҳо дар дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин ба саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
“Илова бар ин, чунин тағйирот метавонад танишҳои иҷтимоӣ ва низоъҳо миёни муҳоҷирон ва аҳолии маҳаллиро ба вуҷуд орад. Муҳоҷирон метавонанд маҷбур Русияро тарк кунанд, ки ин ба ҷудоии оилаҳо ва ноустувории молиявӣ оварда мерасонад. Инчунин, метавонад ба коҳиши воридоти пул оварда расонад”, - гуфт Латипов.
Бо вуҷуди ин, ба таъкиди Латипов, шиддат дар сиёсати муҳоҷират метавонад ба беҳтар кардани назорат ва идоракунии ин раванд дар оянда мусоидат кунад.
“Аммо ин аз он вобаста хоҳад буд, ки қоидаҳо ва қонунҳои нав то чӣ андоза самаранок ва одилона татбиқ мешаванд”, - зикр кард Латипов.
“Гумон аст, ки чизе тағйир ёбад”
Дар ҳамин ҳол, Темур Умаров, корманди илмии Маркази Карнеги оид ба масъалаҳои Русия ва АвруОсиё дар Берлин зикр мекунад, ки мақомоти Русия танҳо нисбати тоҷикон чунин бархӯрди шадид намекунанд, балки алайҳи кулли муҳоҷирон, онҳое, ки ба муҳоҷир монанданд ва шаҳрвандони хориҷӣ рафтор якранг аст.
Ӯ бовар дорад, ки чунин рафтори дағал ва зиддимуҳоҷирон дар сатҳи болои роҳбарии Русия ҳимоят мешавад ва аз ин лиҳоз, мақомоти ин кишвар бо ҳама, метавон гуфт, мардуми ғайрисловян чунин муносибати хушунатомез мекунанд.
Ин коршинос мутмаин нест, ки пас аз сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия ва ё муроҷиати мақомоти баландпояи тоҷик ба ҳамтоёни русашон вазъ ба таври қобили мулоҳиза тағйир хоҳад ёфт.
“Вазъи сиёсати муҳоҷират дар Русия ба сиёсати хориҷии Русия иртибот надорад. Манфиатҳои сиёсати хориҷии Русия бо манфиатҳои ниҳодҳои Русия оид ба сиёсати муҳоҷират мувофиқат намекунанд. Ва мебинем, ки як кисми давлати Россия ба як тарз сухан меронад ва дигараш тамоман дигар хел амал мекунад”, - мегӯяд Темур Умаров.
Ба қавли ин коршинос, нафароне, ки ҳоло барои сиёсати муҳоҷирати Русия масъуланд, манфиат ва нишондиҳандаҳои асосии самаранокии меҳнати худро доранд. Онҳо амалҳои худро бо манфиатҳои Русия дар сиёсати хориҷӣ, дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг намекунанд. Аз ин рӯ, гумон аст, ки мулоқотҳо дар доираи амалигардонии сиёсати хориҷӣ ба сиёсати дохилии Русия таъсир расонанд.
Бояд гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.
Дар гузашта, барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират бархе мансабдорони баландмақом ба Русия сафар карда бо мақомдорони Русия дар самти муҳоҷират гуфтугӯҳо мекарданд. Дар баъзе ҳолатҳо шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам сафар мекард ва бо Владимир Путин дидору гуфтугӯй мекард. Аммо муҳоҷират чун фишанги дастрас барои мақомоти рус ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.
Русия дар гузашта ин фишангро чӣ гуна ва дар кадом шароит истифода кардааст, дар матлаби “Фишанги №1”. Русия бо “шикор”-и муҳоҷирони тоҷик аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?” мутолиа кунед.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста