Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз, 11-уми апрел бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар баргузор шуд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дубора раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар давраи гузашта ҳам раиси палатаи болоии парлумон буд.
“Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд”, -хабар медиҳад Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ баъди интихоб шудан дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд кард.
Дар идома, кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии таҳти роҳбарии раиси нав идома ёфт.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст, ки аз 33 узв иборат аст. 25 узви он аз сӯйи вакилони маҷлисҳои маҳаллии ВМКБ, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари маҷлисро раисҷумҳури кишвар таъин мекунад.
Рӯзи 28-уми март 25 аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи панҷ минтақаи кишвар интихоб гардиданд.
Рӯзи 3-юми апрел Эмомалӣ Раҳмон шаш узви дигари онро таъин кард ва аз рӯи салоҳият ҳақ дорад ду узви дигарро таъин кунад.
Маҷлиси миллӣ аз салоҳиятҳои густурда, аз ҷумла, тасдиқи қонунҳо ба ғайр аз қонуни буҷа бархӯрдор аст. Додрасҳои Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва додситони кулл ҳам танҳо баъди тасдиқи ин ниҳод ба кор оғоз мекунанд.
Мувоффиқи қонунгузории кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввум баъди роҳбари давлат ба ҳисоб меравад, ки дар сурати корношоям шудани раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯро то интихоботи навбатӣ ба зимма мегирад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста