Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони Масъуд Пизишкиён, ҳамтоии эронии худ фарорасии солрӯзи Инқилоби исломии Эронро ба ӯ ва мардуми кишвараш табрик гуфтааст. Дар ин бора Сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 7-уми феврал хабар додааст.
“Ба муносибати фаро расидани ҷаши миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби худ, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикоти некро ба ҷаноби олӣ (Масъуд Пизишкиён) ва мардуми дӯсти Эрон иброз менамоям”, - омадааст дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ дар идома гуфтааст, ки “собиқаи таърихии мардуми мо яке аз пояҳои асосии тақвияти равобити муосир ва фазои эътимод миёни кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо ба шумор меравад”. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо бо Эронро авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста, ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба таъкид кардааст.
“Ба Шумо, ҷаноби олӣ, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсту бародари Эрон рӯзгори хуш, сулҳ ва суботи пойдор, инчунин, пешрафт ва шукуфоии пайвастаро орзумандам”, - гуфтааст раисҷуҳури Тоҷикистон.
Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи феврал (22 баҳман) ҷашн гирифта мешавад. 47 соли қабл, дар пайи як инқилоб дар моҳи феврали соли 1979 дар Эрон, тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Руҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста