Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати кишвар, Аҳтам Рустам Абдуллозода, ки қаблан ба ҳайси сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи президент ифои вазифа мекард, ба ҷойи Маликшо Неъматов раиси Кумита таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки собиқ сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шуда буд.