Тибқи иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз бо фармони сарвари давлат дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамин тариқ, бо фармони президент Рустами Эмомалӣ, писари калонии сарвари давлат ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ таъин карда шуд.
Собиқ сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба ҷойи ӯ роҳбари Хадамоти гумрук таъин шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Асадулло Раҳмон, ки ба ҳайси роҳбари Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ фаъолият дошт, ёвари президент оид ба сиёсати кадрӣ таъин шудааст. Дар ин мансаб ӯ Абдуҷаббор Азизиро иваз намуд, ки вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд ва коршинсон ба ӯ курсии муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагонро пешгӯӣ мекунанд.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, бо қарори ҳукумати ҶТ, Маҳмадсаид Пиров, ки ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ ифои вазифа мекард, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати кишвар таъин гардидааст.
Маълумотнома: Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои иқтисодии байнулмилалӣ» хатм кардааст ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Яке аз муасисон ва моликони дастаи футболи «Истиқлол», президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста